КҲФ: Рӯзҳои 20-22-уми декабри соли равон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 20 то 22 декабри соли 2024 дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ (километрҳои 46 -84) ва дар манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи ёдшуда, маҳалҳои тармахезу роҳҳои пурхатари кӯҳӣ, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳони дорувор ва шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Ронандагон ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатарӣ ва махсусан фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. 

Илова бар ин, КҲФ аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳои хонаҳои худ таваҷҷуҳ кунанд, барфу яхи ҷамъшударо сари вақт рӯбанд ва бомҳоро аз вазни гарони барф озод намоянд.

Волидони мӯҳтарам, касоне, ки дар минтақаҳои зери тарма хатари қарор доред! Кӯшиш кунед, ки кӯдаконро беназорат нагузоред. Агар онҳоро танҳо ба мактаб ё ба сайру гашт фиристед, аз хатари тарма ва сангрезиҳо огоҳ кунед, бо онҳо дар ин бора зиёд суҳбат кунед.

Ҳаёти худ ва наздиконатонро дар хатар нагузоред!

Агар шумо шоҳиди ҳодисаи фавқулодае шудед, ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ё 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: