31 октябри соли 2024 дар асоси Нақшаи дохилиидоравии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, инчунин дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар маркази таълимӣ-методӣ Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Барномаи тайёр кардани хайати роҳбарикунанда ва фармондеҳй дар мудофиаи гражданй» ташкил ва гузарониданд.
Дар семинар бист нафар иштирокчиён – сармутахассисон, мутахассисони курсҳои байниминтақавӣ ва кормандони раёсат ва бахшҳои Раёсати КҲФ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Истиқлол, Масчоҳ ва Деваштич иштирок намуданд.
Ин давраи омӯзишӣ то 2 ноябри соли 2024 давом мекунад. Тибқи нақшаи таълимӣ дар рӯзи аввал дарсҳо дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шуданд: «Барномаи таълимии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ», «Барномаи таълимии хонандагон дар марказҳои таълимию методӣ» ва истифодаи замимаи мобилии «СОС”.
Мақсади асосии омӯзишҳо баланд бардоштани малака ва донишҳои андӯхтаи аҳолӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, шиносоӣ бо усулҳои навтарин дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, фаҳмонидани ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулшуда дар ин самт ва дарёфти посух ба суолотест, ки дар ҷараёни омӯзиш ба миён меоянд.
Давраи омӯзишӣ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гузаронида мешавад.