Идомаи тамринҳои муштараки наҷотдиҳандагони тоҷику турк дар кӯҳҳои Варзоб
Чоп шуд: 08/11/2024 | redaktorТамринҳои анҷом додани корҳои наҷот дар манотиқи кӯҳистонӣ, то ҳадди имкон ба шароити воқеӣ наздик, ки дар он наҷотдиҳандагони КҲФ иштирок мекунанд, идома дорад. Омӯзиши таълимӣ ва амалӣ аз ҷониби устодони Агентии мудирияти ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) гузаронида мешавад. Машқҳо дар релефи воқеӣ, дар кӯҳҳои Варзоб баргузор мешаванд.