Оғози мулоқотҳо бо наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар қисмҳои ҳарбии КҲФ

Рӯзҳои 7 ва 8 ноябри соли 2024 бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инчунин муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дар се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар худуди гарнизони Душанбе вохӯрӣ бо даъватшавандагони даъвати тирамоҳӣ   баргузор гардид.

Гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарони Раёсати қӯшунҳо, ҳайати шахсӣ ва кор бо ҳайати шахсӣ, Раёсати тиббӣ, шӯъбаи ҳуқуқ ва Шӯрои бонувони Кумита бо шароити хидмат ва маишии даъватшавандагон аз наздик шинос шуданд.

 Зимни суҳбат зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳбуди вазъи моддию техникӣ ва минбаъд беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ мекунад.

Сардори Сарраёсати қӯшунҳо полковник Давлатзода С., дар суханронии худ таъкид намуд, ки хидмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавон буда, шарафи баланд аст. Вай таъкид кард, ки феълан дар тамоми қисмҳои низомии Кумита ҳама шароити зарурӣ барои адои хидмати ҳарбӣ омода шудааст.

Дар ин вохӯриҳо аз наваскарон даъват карда шуд, ки интизоми ҳарбӣ ва талаботи Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро риоя кунанд, боҷасорат бошанд, ҳуёриро аз даст надиҳанд ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳамеша омода бошанд.

Чунин вохӯриву сӯҳбатҳо дар дигар бахшҳои КҲФ, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойгиранд, баргузор мешаванд.

 

барчасп: