КҲФ аз боду борони рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 04/11/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 6-7 ноябри соли 2024 бар асари вуруди сардиҳо аз шимолу ғарб, дамои ҳаво тағйир меёбад, эҳтимоли боридани боронҳои шадид вуҷуд дорад.