Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 6-7 ноябри соли 2024 бар асари вуруди сардиҳо аз шимолу ғарб, дамои ҳаво тағйир меёбад, эҳтимоли боридани боронҳои шадид вуҷуд дорад. Дамои ҳаво дар водиҳо ва навоҳии наздикӯҳӣ то 7-9 дараҷа паст шуда, 6 ноябр вазиши шамоли сахт аз самти ғарб бо суръати 12-22 м/с ва гарду ғубор пешбинӣ шудааст.
Ин манбаъ омадани сел дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳуриро низ пешгӯӣ кардааст.
Борон ва боди шадид метавонад муҷиби ҳодисаҳои зерин шавад:
КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу масканҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунанд.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сутниҳод шардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одитарин бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар аз қабл омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.
АЗ ЗАМИМАИ МОБИЛИИ КҲФ «SOS» ИСТИФОДА КУНЕД !