Марги як духтар ва писари 11-12-сола аз беэҳтиётӣ дар Мастчоҳ. Волидон кӯдаконро эҳтиёт кунед!
Чоп шуд: 29/11/2024 | redaktorДар давоми 24 соати охир дар кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳодисае рух дод, ки боиси марги ду кӯдак гардид.
28-уми ноябри соли 2024 дар деҳаи Обурдони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, соати 16:00 ҳангоми тоза кардани боғ, ки дар нишеби дарёи Зарафшон воқеъ аст, ду кӯдак, ки амакзодаҳо буданд, аз беэҳтиётӣ ба дарё ғарқ шуданд.
Дар хабар гуфта шудааст, ки яке 11 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст.