Дар ҳудуди мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд
Чоп шуд: 28/11/2024 | redaktorМувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 ноябри соли 2024, соати 15:49 дақиқа дар қаламраваи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 279 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 89 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хоруғи ВМКБ дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4-балл, шаҳри Хоруғ 3 балл ва шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.