Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид, селҳои эҳтимолӣ, сангрезӣ ва ярч дар доманакӯҳҳо
Чоп шуд: 12/11/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодар ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 13-14-уми ноябри соли ҷорӣ дар водиҳо боронҳои пуршиддат борида, 14 ноябр шабона дар манотиқи кӯҳӣ борон ба барфи тар мубаддал мешавад. Дар аксар нафоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар пасманзазаи коҳиши башиддати дамои ҳаво борон авҷ мегирад ва дар баъзе навоҳӣ бод ҳам бо шиддати бештар хоҳад вазид.