Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 29 ноябр то 1 декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст. Дар аксари ноҳияҳо боридани барфу борон пешгӯӣ шуда, боришоти рӯзҳои 30-уми ноябр ва 1-уми декабр дар баъзе ноҳияҳо шадид хоҳад буд.
Дар ин рӯзҳо ҳангоми борону барфи шадид дар роҳҳои ағба туман дар назар дошта шудааст ва ҳавошиносон мегӯянд он ба ҳадде хоҳад буд, ки метавон масофаи 1 километрро дид.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ хатари омадани сел боқӣ монда, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (роҳи Душанбе-Хуҷанд) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тарма вуҷуд дорад. Рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2024 дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз сабаби боришот боло рафтани сатҳи об пешбинӣ мешавад.
Дар робита ба ин, КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд ва то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд. Дар ин рӯзҳо чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, рафтан ба шикору моҳидорӣ ва ғайра низ маслиҳат нест.ж
Мо ба ширкатҳои сайёҳӣ саёҳат дар кӯҳсорро дар ин гуна рӯзҳо тавсия намедиҳем!
КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз паёмадҳои эҳтимолии селҳо аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳову селроҳаҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя кунанд. Инчунин, хангоми истифода бурдани асбобхои гармкунии барқӣ коидахои бехатарии сухторро катъиян риоя намоянд, аз таҷҳизоти дастсохти барқӣ истифода накунанд.
Кӯдаконро танҳо нагузоред, ҳар қадами онҳоро дар ин гуна рӯзҳо зери назорат гиред!
КҲФ хотиррасон мекунад: Дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё бахши навбатдории Кумта бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.
Истифода аз замимаи мобилии КҲФ «SOS» ҳамеша ба манфиати шумост!!!