Марги як духтар ва писари 11-12-сола аз беэҳтиётӣ дар Мастчоҳ. Волидон кӯдаконро эҳтиёт кунед!

Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳодисае рух дод, ки боиси марги ду кӯдак гардид.

28-уми ноябри соли 2024 дар деҳаи Обурдони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, соати 16:00 ҳангоми тоза кардани боғ, ки дар нишеби дарёи Зарафшон воқеъ аст, ду кӯдак, ки амакзодаҳо буданд, аз беэҳтиётӣ ба дарё ғарқ шуданд.  

Дар хабар гуфта шудааст, ки яке 11 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст. 

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллӣ даст ба ҷустуҷӯи ҷасади онҳо заданд.  Соати 17:30 ҷасади духтарро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд. Ҷустуҷӯи писарбача идома дорад.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон изҳори таслият мекунад ва ҳамзамон  аз волидон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд!

 

барчасп: