1 ноябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода дар бораи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» мулоқот баргузор шуд, ки дар он роҳбарони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсат ширкат карданд.
Намояндаи Агентии мубориза бо коррупсия дар баромади худ дар мавзӯҳои «Коррупсия яке аз омилҳои манфии ҷомеа ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия», «Коррупсия вабои аср», андешидани чораҳои мушаххас оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва некӯаҳволии шаҳрвандон, гузаронидани омӯзиши масъалаҳои марбут ба коррупсия, поквиҷдонӣ дар хидмат, ахлоқу одоби кормандон, таҳлили сабабҳои амалҳои коррупсионӣ, такмили тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, пурзўр намудани чораҳои мубориза бар зидди коррупсия ва шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистию террористӣ маълумот дод.
Таъкид шуд, ки Раёсат ва бахшҳо он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд ҳар нимсола оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оид ба татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» ҳисобот омода ва пешниҳод кунанд.