Идомаи тамринҳои муштараки наҷотдиҳандагони тоҷику турк дар кӯҳҳои Варзоб

Тамринҳои анҷом додани корҳои наҷот дар манотиқи кӯҳистонӣ, то ҳадди имкон ба шароити воқеӣ наздик, ки дар он наҷотдиҳандагони КҲФ иштирок мекунанд, идома дорад. Омӯзиши таълимӣ ва амалӣ аз ҷониби устодони Агентии мудирияти ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) гузаронида мешавад. Машқҳо дар релефи воқеӣ, дар кӯҳҳои Варзоб баргузор мешаванд.

Дар омӯзиш таҳлили намудҳои асосии амалиёти наҷот дар манотиқи кӯҳистон, усулҳои ҷустуҷӯ ва анҷоти гардигарону кӯҳнавардоне, ки ҷанашон дар хатар мондааст ва дигар осебдидагонро дар бар мегирад. Тамрин ба ташаккули малака ва дониш дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар шароити фавқулодда нигаронида шудааст.

Дар рафти машғулиятҳои амалй имдодгарон дониши худро ҳам оид ба технология ва ҳам тактикаи корҳои наҷот дар кӯҳсор ва ҳалли масъалаҳои вазъияти ба амаломада такмил медиҳанд.

Инчунин, дар рафти машқҳои амалӣ амалиёти наҷотди гурӯҳӣ бо вариантҳои гуногуни ҳамкории муштарак тамрин мешавад.

Илова бар ин, мураббиён барои ташаккули устувории равонӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти наҷот ва расонидани ёрии аввалин ба имдодгарон малакаҳои касбӣ меомӯзанд.  

 

барчасп: