Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар давоми 24 соати наздик дар аксари манотиқ туман пешбинӣ шудааст. Аз 9-ум то то 11-уми ноябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сер ба асари боронҳои шадид вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро ба сафар аз қабл омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Сокинон дар чунин рӯзҳо хуб мешуд аз чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд, рафтан ба шикору моҳидорӣ низ маслиҳат нест.
Ҳангоми ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои дорувор бояд ҷиддан эҳтиёт кард. Аслан дар рӯзҳои туману боронӣ дар хона боқӣ мондан беҳтар аст.
Бояд ба пиронсолон ва бачаҳо бештар таваҷҷуҳ кард. Касоне, ки мушкили саломатӣ бо ин гуна рӯзҳои туманолуд доранд, аз қабл доруҳои худро омода кунанд ва тибқи маслиҳати духтурон амал намояннд
Ба бачаҳои ноболиғ бештар таваҷҷуҳ бояд кард. Нагузоред, ки онҳо тани танҳо чорвочаронӣ ё ғунучини ҳезум раванд.
ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!
Аз замимаи мобилии КҲФ «SOS» истифода намоед, ин шуморо метавонад аз ҳар гуна ҳолатҳои мушкил раҳонад!