Тибқи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражанӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд ҷаласаҳои ҷамъбастии комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуда истодааст.
Аз он ҷумла чунин ҷаласа дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Истаравшан, Бустон, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Зафаробод, Ашт, Спитамен, Айнӣ ва Шаҳристон бо иштироки муовинони Раисони шаҳру ноҳияҳо, (сарпарастони соҳа) сардорони Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳо ва аъзоёни комиссияи мазкур доир карда шуд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа масъалаҳои ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, омодагии техникаҳои муҳандисӣ, ташкили захираҳо барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ташкил намудани навбатдории шабонарузӣ дар минтақаҳои хавфнок, таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ ва иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда қайд гардид, ки аъзоёни комиссияро зарур аст, ки дар асоси талаботи низомномаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхо оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти худро ба роҳ монда, барои фаъолияти пурсамар дар самти ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2025 баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, вусъат бахшидани корҳои соҳилбандӣ дар минтаҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳо, суғуртакунии амволи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, захираи маводи зиддилағжиш, сузишвории дизелӣ, доруворӣ, хурока ва дигар лавозимот сари вақт чораҷӯӣ намоянд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақша ҷаласаҳои комиссияи ҳолатҳои фавқулодда то санаи 27 декабри соли 2024 гузаронида мешавад.
Д. Маликзода,сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,
подполковник