Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар раёсати Суғд
17 – уми декабри соли 2024 дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) -и вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, шуъбаҳои дахлдори Раёсат ва аъзоёни Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) иштирок намуданд.
Дар он се масъала - гузориши рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта дар соли 2024, корҳои анҷомдодаи гурӯҳи мазкур ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида дар шаҳру ноҳияҳои осебпазир дар соли 2024 ва омода намудани нақшаи кории Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) барои соли 2025 баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа муовини сардори Раёсат подполковник Кучаков Ҷ.Т. ба иштирокчиёни гурӯҳи РЕАКТ доир ба ҳолатҳои фавқулоддаи дар давоми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Ашт ба вуқуъ омада ва кумакҳои аз тарафи шарикони рушд ба аҳолии аз офатҳои табии зарардида росондашуда маълумоти муфассал ироа кард.
Ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналхақӣ доир ба корҳое, ки давоми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои осебпазир ба анҷом расониданд, аз ҷумла:
-сохта ба истифода додани пул дар деҳаи Қурғонаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов;
- сохтани садди муҳофизатӣ, пул ва тоза намудани селроҳа дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара;
-таъмир ва тоза намудани каналҳои обёрикунанда, садди муҳофизатӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
-дастрас намудани маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ва дигар лавозимот ба аҳолии шаҳру ноҳияҳое, ки аз офатҳои табии зарар дидаанд;
-ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо, корҳои таблиғотӣ, курсҳо, семинарҳои омӯзишӣ, машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши шаҳрвандон дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баъдан шарикони рушд барои идома додан ва вусъат бахшидани чунин корҳо дар давоми соли 2025 лоиҳаҳо ва барномаҳои ба нақша гирифташудаи худро ба самъи ҳозирин расониданд.
Дар ҷамъбаст таъкид карда шуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) пешниҳодҳои зикргардида ба нақшаи кории гурӯҳ дар соли 2025 ворид карда шавад.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
подполковник Д.Маликзода