Анҷоми як давраи омӯзишии забони англисӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва Фармоиши Раиси Кумита аз 14 майи соли 2024, №118 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои зерин ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла:

-бо дастгирии ташкилоти байналхалқии Созмони амният ва  ҳамкории Аврупо (САҲА) бо 15 нафар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят курси омӯзиши забони англисӣ аз санаи 01.06.2024 оғоз гардида дар давоми ҳафта 3-маротиба бо давомнокии 90 дақиқа аз тарафи корманди Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Гурдофарид” Маҷидова Робия то санаи 29 ноябри соли 2024 ба муддати шаш моҳ гузаронида шуд.

Баъди ба охир расидани марҳилаи якум барои бомувафақият хатм намудани курси шашмоҳаи забони англисӣ ба ҳайати шахсии Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят санаи 31 декабри соли 2024  Шаҳодатнома супорида шуд.

 Аз моҳи январи соли 2025 курси омӯзиши забони хориҷӣ (забони англисӣ)  бо ҳайати шахсии Раёсат аз сар гиифта мешавад.

 

         Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат

         подполковник                    Маликзода Д.М.