Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолият ҷаласаи ҷамъбастии раёсат, шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Саррраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Иброҳимзода Муҳаббат, роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти қисми ҳарбии 45025-и Кумита ва Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ куҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рузномаи он шинос намуд. Баъдан аз ҷониби муовини сардори Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед оид ба рух додани ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта, гузаронидани машқу тамринҳо, вохурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳои хавфнок, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ва ба омӯзиш фаро гирифтани шунавандагон ба самъи ҳозирин маълумот дода шуд.
Қайд карда шуд, ки дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 140 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2026 дар ҳудуди вилоят ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2025 дар ҳудуди вилоят 2 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта-фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расида буд.
Ҳамзамон, дар семоҳаи якуми соли 2026 аз ҷониби Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 37 (сию ҳафт) адад машқу тамринҳои мудофиаи гражданӣ ва 15 адад машқҳои ғайринақшавӣ гузаронида шуда, дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат 642 нафар шунавандагон ба омӯзиш ҷалб карда шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши фалокатовар аз ҷониби сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 63 адад вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки 1671 нафар аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта гузаронида шуд.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят ва Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар водии Зарафшон дар семоҳаи якуми соли 2026 дар 19 амалиётҳои наҷотдиҳӣ, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд.
Дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров дар умум корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани селроҳаҳо ба масофаи 4 ҳазору 232 метр ва тозакунии каналҳои обёрикунанда, заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 155,5 км ба анҷом расонида шуд.
Баъди масъалаҳои дар ҷаласа баррасӣ гардида аз тарафи сардори Саррраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита генерал-майор Иброҳимзода М. доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, Барномаи миёнамӯҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, иҷроиши талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби ташшаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии захираи сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташаккул ва идораи захираи сафарбарӣ”, “Дар бораи тасдиқи Тартиби ташкил намудани паногоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ”, “Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” ва вусъат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои хавфнок дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


