Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард

7 апрели соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид. Дар ҷаласа фаъолияти семоҳаи Кумита ҷамъбаст шуд.

Дар он сарварони воҳидҳои сохторӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, сарварони раёсату шуъбаҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, сарварони Раёсатҳои Кумита дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоб иштирок карданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти натоиҷи кори идораи наҷот дар семоҳаи аввал, омодагии неру ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба давраи баҳору тобистон ва омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа чорабиниҳои муҳимтарини дар семоҳаи аввал гузаронидашуда, муваффақиятҳои бадастомада ва камбудиҳои роҳ додашуда, инчунин муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ дар семоҳаи дуюми соли 2025 ба таври муфассал баррасӣ гардиданд. Дар байни офатҳои табиии рухдода лағзиши тарма бартарӣ дошта, 47 ҳодисаро ташкил медиҳад. Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. 

Сарвари Кумита як қатор камбудиҳои ҷойдоштаро дар ташкили чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои соҳилбандӣ ва суст будани кор бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои таъсис ва истифодаи захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиии №778 аз 29 декабри соли 2006 қайд намуд. Дар ҷаласа ҳамчунин ба вазъи омодагии ҳарбӣ, сиёсӣ ва сафарбаркунии қисмҳои ҳарбӣ, фаъолияти ҳаррӯзаи қӯшунҳо, таъминоти моддию техникӣ ва озуқаворӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техника ва аслиҳа, риояи интизоми ҳарбӣ ва хизматӣ, фароҳам овардани шароит барои хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

барчасп: