6-уми апрели соли 2025 соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Дерзуд ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматии сокини деҳа зарар дид. Талафоти ҷонӣ нест. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Дар робита ба бартараф нашудаи хатари лағзиши тармаву резиши санг Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад ва даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чорвочаронӣё дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотиррасон мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.