3 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо Директори генералии Дафтари минтақавии Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) дар Осиёи Марказӣ Ҷаноби Ҷун Такахаши баргузор шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баррасии масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ буд.
Муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода меҳмони воломақомро хайра мақдам гуфта, дар бораи фаъолияти Кумита, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.
Дар навбати худ ҷаноби Такахаши барои мулоқот изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти JETRO маълумот дод ва масъалаи ҳамкорӣ бо КҲФ дар соҳаи аксбардории моҳвораӣ ва технологияҳои иттилоотиро ба миён гузошт.
Бо ин мақсад иттилоъ дода шуд, ки JETRO пешниҳод менамояд, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2024 бо ҷалби мутахассисон аз Ҷопон барои сохторҳои дахлдори Кумита семинар баргузор карда шавад.
Дар рафти сухбат аз рӯи масъалаҳое, ки ҳар ду тараф мароқ зоҳир менамоянд, мубодилаи афкор барпо гардид.