Activities calendar

24 апрели 2023

Марги се ноболиғ дар обҳои кишвар дар як шабонарӯз. Падарону модарон, фарзандонатонро беназорат нагузоред!!!

Марги се ноболиғ дар об

Шабонарӯзи гузашта аз марги се ноболиғ дар обҳои кишвар хабар расид. Чунончӣ, рӯзи 23-апрели соли равон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ се ноболиғ, бачаҳои 12, 13, 14-солаи сокини ноҳияҳои Варзоб, Ёвони вилояти Хатлон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар об ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд.

Ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо талоши кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. 

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи идораҳои наҷоти кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Деҳлӣ

узви СҲШ дар шаҳри Деҳлӣ

20 апрели соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони идораҳои давлатҳои узви СҲШ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ширкат намуд.