Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Чоп шуд: 03/04/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.