Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард
Чоп шуд: 15/04/2023 | redaktorДар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2023 баргузор шуд.
Дар ҷаласа сарварони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои минтақавӣ ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ ширкат намуданд.