Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2023 баргузор шуд.
Дар ҷаласа сарварони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои минтақавӣ ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ ширкат намуданд.
Рӯзномаи маҷлис аз натиҷаи иҷрои қарорҳои қабулшуда дар Коллегияи солҳои 2022 – 2023, фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюм иборат буд.
Дар ҷаласа чорабиниҳои муҳимтарини дар семоҳаи аввал анҷомдодашуда, муваффақияту камбудиҳои бадастомада, инчунин тадбирҳои муҳимтарин дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳои ҷумҳурӣ барои семоҳаи дуюми соли 2023 муфассал баррасӣ гардиданд.
Дар вохӯрӣ ҳисоботи роҳбарон, аз ҷумла, ҳисоботи сардори Дастгоҳи Раиси КҲФ полковник А.Ташрифӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Камолзод Ҷ., сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник Аҳмадзода М., сардори Раёсати Қӯшунҳо полковник Ҷалолзода А. шунида шуд.
Сарвари КҲФ таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои КҲФ-ро ба омодагии саривақтӣ барои вокуниш ба эҳтимоли лағзиши тарма, ярч, сел, сангрезӣ, баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо дар фасли баҳору тобистон ҷалб намуд.
Сардори Идораи наҷоти кишвар супориш дод, ки дар доираи фаъолияти Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок гурӯҳҳои махсус ташкил карда, масъалаҳои захираҳои мавҷуд ва иловагиро баррасӣ намуда, дар байни аҳолӣ машқҳои ғайринавбатӣ гузаронанд.
Воҳидҳои зидахл бояд ба мавсими тобистон тайёрии ҷиддӣ бубинанд. Омодагӣ ба мавсими шиноварӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат аз болои иҷрои санадҳои байналмилалии имзошуда, инчунин масъалаҳои ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ пайваста мавриди пайгирӣ қарор гирад.
Раиси Кумита ба бартараф намудани ҳодисаҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кадрҳо, мустаҳкам намудани интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита барои иврои уҳдадориҳои вазифавӣ диққати махсус дод.