Activities calendar

04 апрели 2023

КҲФ: Сел меояд, эҳтиёт кунед!

Сел меояд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 7-уми апрели соли равон ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва махсусан дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарби ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст.

Ҳалокати як писари 10-сола дар Ховалинг, ки занбӯруғчинӣ рафта буд. Волидон ҳамоно ҳушдорҳоро намешунаванд

2 апрели соли 2023 наздик ба соати 11:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 10-солаи деҳаи Питов-2, ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг бо мақсади ҷамъоварии занбӯруғ ҳамроҳ бо дигар дӯстонаш ба кӯҳи наздик ба деҳа рафт. Ҳангоми гузаштан аз дарёчаи Питов пояш лағжид ва ба об сарозер шуд. Наҷоти ӯ ба рафиқонаш муяссар нашуд ва ғарқ гардид.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади ӯ 50 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо гардид.

Сел дар ноҳияи Панҷ. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда зарари расидаро муайян мекунанд

Соати 01:30 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи – уми апрели соли 2023 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омад ва таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводае, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод. 

Кумакҳои Бунёди шоҳ Салмони Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба осебдидагони заминларзаи ахир

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Шоҳ Салмони Подшоҳии Арабистони Саудӣ “Расонидани ёрии башарӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023” ба 320 хонаводаи деҳаҳои Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти Миёна, Роғ, Худгиф, Самҷони ҷамоати деҳоти Лангари...