Дар доираи татбиқи Лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Шоҳ Салмони Подшоҳии Арабистони Саудӣ “Расонидани ёрии башарӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023” ба 320 хонаводаи деҳаҳои Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти Миёна, Роғ, Худгиф, Самҷони ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ки дар заминларзаи рӯзҳои 23-24 марти соли 2023 зарар диданд, кумакҳо, аз ҷумла бухориҳо барои гармкунии хонаҳо, ангишт ва бистарҳои гарм расонида шуд.
Ғайр аз ин ба 50 хонаводаи ҷамоатҳои Тагоба, Оби Меҳнат, Сафедчашма ва Меҳрободи ноҳияҳои Нуробод ва Рашт, ки низ дар ҳамин заминларзаҳо осеб дида буданд, дар доири лоиҳаи ёдшуда ҳамин гуна кумакҳо расонда шуданд.