Заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар
Чоп шуд: 17/04/2023 | redaktorХадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларзаи нав дар қаламрави кишвар, ки соати 3:46 дақиқаи имрӯз рух додааст, хабар дод. Манбаъ гуфтааст, ки маркази ин заминларза 378 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 86 километр ғарби ноҳияи Мурғоб, 153 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ буд.