Заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларзаи нав дар қаламрави кишвар, ки соати 3:46 дақиқаи имрӯз рух додааст, хабар дод. Манбаъ гуфтааст, ки маркази ин заминларза 378 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 86 километр ғарби ноҳияи Мурғоб, 153 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 ва дар шаҳри Хоруғ 2 балл буд.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: