КҲФ: Сел меояд, эҳтиёт кунед!

Сел меояд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 7-уми апрели соли равон ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва махсусан дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарби ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст.

Боронҳо хатари эҳтимолии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳоро дар пай доранд, ҳамчунин омадани селҳо, резиши сангу лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч аз хатарҳои дигари эҳтимолӣ мебошанд. 

Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита  маслиҳат намедонад, ки дар чунин рӯзҳо одамон дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо гардиш кунанд. Бахусус сайёҳонро лозим аст дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд.  

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад зиёда эҳтиёткору бадиққат бошанд. Бахусус, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст.

Рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест.

Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок созанд.

барчасп: