Ҳалокати як писари 10-сола дар Ховалинг, ки занбӯруғчинӣ рафта буд. Волидон ҳамоно ҳушдорҳоро намешунаванд

2 апрели соли 2023 наздик ба соати 11:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 10-солаи деҳаи Питов-2, ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг бо мақсади ҷамъоварии занбӯруғ ҳамроҳ бо дигар дӯстонаш ба кӯҳи наздик ба деҳа рафт. Ҳангоми гузаштан аз дарёчаи Питов пояш лағжид ва ба об сарозер шуд. Наҷоти ӯ ба рафиқонаш муяссар нашуд ва ғарқ гардид.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади ӯ 50 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо гардид.

Ҳодисаҳои аз беназоратии волидон ба ҳалокат расидани тифлону наврасон сол аз сол меафзояд. Мутаассифона, ҳеч огоҳиву ҳушдор садди роҳи ин намешавад, ки падарону модарон фарзандони хурдсоли худро назорат кунанд.

Дар чунин бе роҳбаладии калонсолон ба ғунучини гиёҳҳо, занбӯруғ, чорвочаронӣ, моҳидорӣ ҷалб кардани кӯдакону наврасон хатар дорад ва волидон бояд инро бидонанд.

Кумита як бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунанд ноболиғонро беназорат нагузоранд.  Нисбат ба ҳаёти фарзандони худ бемасъулиятӣ накунед, чун онҳо ганҷинаи бебаҳои хонадони шумоянд!

барчасп: