Резиши санг дар роҳи Лаби Ҷар-Сангвор. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

10 апрели соли 2023 соати 17:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 12-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд. Барои роҳандозии корҳои бартараф кардани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб ва роҳ соати 00:55 11-апрели соли равон пурра аз регу сангу шағал тоза карда шуд.

Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самти имконпазир гардид. Ин сангрезиш талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Ба сабаби тағйири обу ҳаво, боронҳои пуршиддат эҳтимоли резиши санг, лағзиши тармаву ярч дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Ба огоҳиҳову ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Агентии ҳавошиносӣ ва нишоҳдҳои дахлдори дигар бештар таваҷҷуҳ кунанд.

барчасп: