31 – уми моҳи марти соли 2023 тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монж ва ба ҳалокат расид. Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакӯҳҳо ҷорӣ шуд.
Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандони қурбонии сел изҳори таслият мекунад ва ҳамзамон ба падарону модарон муроҷиат менамояд, ки фарзандонашонро, ки нури чашми онҳоянд, эҳтиёт кунанд.
Дар чунин рӯзҳои боронӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави аслии таъмини амнияти шумо ва атрофиёни шумост!