Имрӯз, 28 декабр, бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Соли нави 2022 баргузор шуд.
Дар ин ярмарка маҳсулот аз қабили гӯшт, биринҷ, картошка, лиму, нахуд ва асал ба фурӯш гузошта шуд.
Маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасони Кумита парвариш шудааст ва ба кормандон бо нархи арзонтар аз нархи бозор фурӯхта шуд.