Тақдими туҳфаҳои солинавии Сардори давлат

Дар остонаи ҷашни Соли Нав аз номи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии КҲФ, сарбозони  қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин хизматчиён ва нафақагирони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ ва  маводи ғизоӣ тақдим шуд.

Субҳи имрӯз, 28 декабр Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-полковник Рустам Назарзода дар дастгоҳи Марказӣ ҳайати кормандони техникии КҲФ-ро ба муносибати Соли Нав муборакбод намуд ва аз номи Сардори Давлат туҳфаҳо супурд. Ин туҳфаҳо иборат аз ҳар гуна шириниҳо, орд, шакар, биринҷ ва картошка буданд. 

Ҳамчунин барои сарбозон ва афсарони ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ дастурхони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. 

Маврид ба ёдоварӣ ва таъкид аст, ки имрӯз дар ҳамаи Раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ, аз ҷумла Раёсатҳои КҲФ дар Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва шуъбаҳои ноҳиявӣ низ маросими супурдани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои тантанавии солинавӣ баргузор шуданд.

барчасп: