Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун натиҷаи фаъолияти яксолаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳрро ҷамъбаст кард. Дар ҷаласа муовини соҳавии раиси шаҳри Роғун Сафарализода Қудратулло, муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ-сардори Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ полковник Вализода Хуршед Валӣ, иштирок намудаанд
Гуфта шуд, ки бо мақсади ташкили корҳо ва муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботи 3 маротиба маҷлисҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр гузаронида шудааст.
Оқибатҳои борон ва жолаи пуршиддат, ки шаби 4-5 майи соли ҷорӣ ба амал омад, бо роҳбарии Комиссия ва аз тарафи қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Роғун пурра бартараф карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки он офати табиӣ ба иншоотҳои хоҷагии халқ ва дигар инфрасохтор осеб расонда буд. Аз ҷумла, дар километрҳои 76 то 86-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар 25 нуқтаҳои селфаро сангу шағал ва обу лой фаромада, ҳаракти нақлиётро аз соати 21:50-и рӯзи 4 май то соати 05:15 дақиқаи рӯзи 5 май қатъ намуд. Ҳамзамон дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1 хонаи истиқоматӣ (Сараева Гулҷахон) пурра, 2 оғилхона қисман ва як пули мошингузар қисман зарар дида буд. Комиссия дар маҳал ҳолати баамаломадаро санҷида зарари расидаро 79 359 (ҳафтоду нуҳ ҳазору сесаду панҷову нуҳ) сомонӣ муайян намуд ва ҳуҷҷатҳои лозимиро таҳия карда, ба Кумита пешниҳод намуд.
Дар заминларзаи рӯзи 24 ноябри соли 2021 1 бинои истиқоматӣ ва 4 бинои маъмурии ҳудуди шаҳр қисман зарар дида, маблағи умумии зарар аз тарафи комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр 8208 (ҳашт ҳазору дусаду ҳашт) сомонӣ муайян карда шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки соли ҷорӣ бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти комиссия дар мавзеъҳои осебпазири ҳудуди шаҳр бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ чанд лоиҳа бо дастгирии шарикони байналмилалӣ амалӣ карда шуд.
Дар ҷаласа раиси маҷлис Сафарализода Қудратулло оид ба нақша - чорабиниҳои комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар давоми соли 2022 ва намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Вализода Хуршед Валӣ дар бораи фаъолияти яксолаи шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва вазифаҳо дар соли 2021 суханронӣ намуданд.
Б. Сайфиддинзода.