21 декабри соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи раёсату шуъбаҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.
Ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Кумита дар толори маҷлис ҷамъ омад ва гузориши мустақими ин рӯйдоди тақдирсоз барои кишварро аз “Кохи Сомон” тамошо кард.
Сарвари давлат мавқеъи худро оид ба самтҳои асосии рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соли 2021 баён карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба намояндагони ҳарду палатаи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин қарорҳои дар доираи салоҳияти конститутсионии худ қабулкардаашон маълумот доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Ҳукуматро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Сарвари давлат инчунин самтҳои афзалиятноки сохторҳои қудратӣ ва сохторҳои қудратии кишварро барои соли 2022 муайян карданд.