12 марти соли 2025, тахминан соати 07:20 дақиқа дар километри 15-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Роштқалъа, мавзеи Дусчини деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Қ.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа, бар асари резиши сангу рег автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Чанху” дучори садама шудааст.
Бино ба хабари расида ин мошин аз ҷониби як сокини 35-солаи деҳаи Тавдеми ҷамоати деҳоти Қ.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва ҳангоми садама бо ронанда чор нафари дигар ҳам менишастанд.
Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 08:57 дақиқа ронанда ва мусофиронро аз дохили автомашина бароварданд ва ба беморхонаи марказии тиббии “Оғохон” интиқол доданд.
Бояд гуф, ки ҳам ронанда ва ҳам ҳамсафаронаш ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.
12 – уми марти соли 2025, тахминан соати 09:30 дақиқа дар километрҳои 7 ва 15-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим мавзеи Ғожаки ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Бар асари ин ҳодиса роҳ муваққатан баста гардид.
Барои бартараф намудани ҳодисаи баамаломада, 1 адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 17:20 дақиқа роҳ боз ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шуд.
12 марти соли 2025, тахминан соати 13:45 дақиқа дар километрҳои 661 ва 678-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе- Хоруғ-Мурғоб мавзеи Шитами ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон, тарма як самти роҳро муваққатан баст.
Барои бартараф намудани ҳодисаи баамаломада, 1 адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 19:48 дақиқа роҳ пурра кӯшода гардида, ҳаракати найлиёт таъмин гардид.
12 марти соли 2025, тахминан соати 15:00 дақиқа дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш, бар асари бориши борони зиёд аз селроҳа сел омад. Дар натиҷа обу лой ба 2 адад хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ворид гардидааст.
Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Сел талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.