Мулоқоти генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо хонум Наталия Алонсо Кано

13-уми марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Роҳбари дафтари минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои СММ (UNDRR) Наталия Алонсо Кано баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва идораи ҳолатҳои фавқулода, ҳамкориҳо бо UNDRR, нақши Кумита дар татбиқи стратегияи миллӣ ва минтақавии коҳиши хатари офатҳо, системаи огоҳсозии бармаҳал ва масоили дигар мавриди суҳбат қарор гирифт.

Хонум Кано барои пазироии гарм изҳори сипос кард ва ҳамзамон зикр намуд, ки танҳо ҳамкории наздик метавонад гарави  иҷрои самарабахши вазифаҳои ба миён гузошташуда бошад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

барчасп: