Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси барқияи телефонии Кумита аз 31-уми январи соли 2025, №7/1-18 бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва техникаҳои муҳандисии сохторҳои дахлдор машқҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ, ҳашар гузаронид.
Аз ҷумла, чунин тамринҳо то кунун дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон-ҷамоати шаҳраки Консой, Исфара-ҷамоати деҳоти Хонобод, деҳаи Яккачинор, Панҷакент-ҷамоати деҳоти Амондара, Истиқлол-маҳаллаи Дустӣ, Истаравшан-ҷамоати деҳоти Зарҳалол, деҳаи Куҳандиж, Куҳистони Мастчоҳ–ҷамоати деҳоти Лангар, деҳаи Палдорак, Айнӣ-ҷамоати деҳоти Рарз, деҳаи Гузари бод, Шаҳристон- ҷамоати деҳоти Шаҳристон, деҳаи Чашмасор, Деваштич-ҷамоати деҳоти Яхтан, Спитамен-ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Турсун Улҷабоев, Мастчоҳ-ҷамоати шаҳраки Бӯстон, Ҷаббор Расулов-ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз ва Деҳмой, Ашт-ҷамоати деҳоти Ашт ва Зафаробод-ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев роҳандозӣ шуд.
Дар рафти гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар умум 831 нафар аҳолӣ ва 51 адад техникаҳои муҳандисӣ ҷалб карда шуда, дар деҳаву маҳалҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои номбурда ба масофаи 6990 метр селроҳаҳо, заҳбуру заҳкашҳо, каналҳо ва ҷуйборҳо аз қуму шағал ва партовҳо тоза карда шуданд.