Мулоқоти Раиси Кумита бо Намояндаи тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон

12 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич вохӯрии арзи адаб анҷом дод.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки Намояндагии тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон барои мустаҳкам ва рушд намудани заминаи моддию техникии Кумита минбаъд низ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамзамон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ омодагии Кумитаро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд.

барчасп: