КҲФ ва ЮНИСЕФ аз идомаи ҳамкориҳо гуфтанд

13 марти соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сарвари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур Ван Дизен мулоқот кард.

Ҳадафи ин дидор баррасии татбиқи лоиҳаҳои якҷоя, имзои Нақшаи муштараки корӣ миёни КҲФ ва ЮНИСЕФ дар солҳои 2025-2026 буд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин мулоқот нақшаи якҷояи ду ҷониб дар мавриди огоҳии бармаҳали аҳолӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои фавқулода ва ҷараёни иҷрои тарҳҳои муштарак барарсӣ шуданд. 

барчасп: