Ҳушдори КҲФ аз хатари тарма дар роҳҳи кишвар

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзҳои 12 то 14 марти соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳию-доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-ум) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма пешгӯӣ мешавад.

Иллати ин зуҳурот гарм шудани дамои ҳаво баъди сардиҳову бориши барфҳои шадид дар саросари кишвар мебошад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон ва шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд. Вале агар рафту сафар ногузир аст, пас қоидаҳои бехатарии зеринро ҷиддан риоя намоянд:

 

  • Қабл аз сафар ронандагон мошинҳои худро омода созанд. Ҳатман чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз намоянд.
  • Ронадагон ба пайвандон ва хешу ақрабо ҳатман бигӯянд, ки сафар доранд. Ба онҳо хеле дақиқ расонанд, ки куҷо мехоҳанд раванд ва кай ба роҳ мебароянду қарор аст кай ба макони таъиншуда расанд.
  • Либоси гарм бо худ гиранд. Дорухқутии мошинро ҳатман бо доруҳои зарурӣ ва докаву спирту пахта барин воситаҳои дармониву кумаки аввалия пур кунанд.
  • Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қабл аз ҳар чизи дигар фосилаи байни мошинҳо бояд риоя шаванд.
  • Ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд.
  • Ба эълонҳои гӯш диҳанд ва агар хатари лағзиши тарма ҷиддист, пас хуб мешавад то рафъи хатар таваққуф кунанд.

Риояи муҳимтарин қоидаҳои ҳаракат гарави бехатариву амнияти худи шумост!

 

барчасп: