Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири ШМА дар Тоҷикистон

11 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер вохӯрии арзи адаб анҷом дод.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби Сафорати ШМА дар мавзуҳои баландкуҳҳо, алоқа, кумаки ёрии аввалия, омадани сел, тармафароӣ, обхезӣ ва сангреза, ташкили забономӯзӣ, баимзорасонии санадҳои дуҷониба, бозомузӣ ва омода намудани наҷотдиҳандагони Кумита ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии Кумита баррасӣ карда шуданд.

Инчунин зикр гардид, ки ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҷиҳати рушди самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ тамоми қувва ва воситаҳои худро истифода бурда, барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои мутақобила чораҳои зарурӣ меандешанд.

барчасп: