Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 17-уми марти соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳию-доманакӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74-ум) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма пешгӯӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон ва шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қабл аз ҳар чизи дигар фосилаи байни мошинҳо бояд риоя шаванд. Ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд.
Ба эълонҳои гӯш диҳанд ва агар хатари лағзиши тарма ҷиддист, пас хуб мешавад то рафъи хатар таваққуф кунанд.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода дар роҳҳо ҳатман бо телефонҳои : 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-1 ба кумак муроҷиат намоед.