ПАЖӮҲИШ: Дар замони динозаврҳо бешаҳои тропикӣ набуданд
Чоп шуд: 11/08/2022 | admin
Афтиши як сайёраки (астероид) бузург ба Замин на танҳо динозаврҳоро ба ҳалокат расонд, балки дигар намуди организмҳои зиндаро аз миён бурд. Ин рӯйдод бино ба гуфтаи олимон 66 миллион сол пеш рух додааст. Бар асари ин ҳодиса дар рӯи Замин ҷангалҳои тропикӣ пайдо шудаанд. Донишмандон баъди кашфу омӯхтани баргҳои сангшуда ва гарду ғубор дар Колумбия ба ин натиҷа расидааст.