Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори аввал
Чоп шуд: 22/11/2021 | redaktor
Борандагӣ, бориш (анг. Precipitation) – як падидаи атмосферӣ аст, ки об дар натиҷаи дар ҳолати моеъ ё сахт аз абрҳо ё ҳавои намнок ба сатҳи замин ё ба рӯи дигар чизҳо мерезад. Бориш аз рӯи ғафсии қабати оби борида бо миллиметр чен карда мешавад. Ба ҳисоби миёна дар кураи замин солона 1000 мм боришот мешавад, дар биёбонҳо камтар аз 250 мм ба ҳисоб гирифта шудааст.