Борандагӣ, бориш (анг. Precipitation) – як падидаи атмосферӣ аст, ки об дар натиҷаи дар ҳолати моеъ ё сахт аз абрҳо ё ҳавои намнок ба сатҳи замин ё ба рӯи дигар чизҳо мерезад. Бориш аз рӯи ғафсии қабати оби борида бо миллиметр чен карда мешавад. Ба ҳисоби миёна дар кураи замин солона 1000 мм боришот мешавад, дар биёбонҳо камтар аз 250 мм ба ҳисоб гирифта шудааст.
Қатраҳо ё гулӯлаҳои бориш пас аз бархурд бо дигар қатраҳо ё булурҳои яхи даруни абрҳо бо онҳо як мешаванд. Қатраҳои борон аз назари андоза гуногунанд. Гулӯлаҳои барф вобаста ба вижагиҳои дамо ё рутубати ҳавое, ки аз он мегузарад, то ба замин бирасанд, дорои шаклҳои гуногун мебошанд. Барои он ки гулӯлаҳои барф ба замин расанд, бояд дамои сатҳи замин наздик ба сифр бошад.
Вале раванди шаклгирии қатраҳои борон ба гунае аст, ки барои ба замин расидан ба дамои болотаре ниёз дорад. Агар рутубат кофӣ ва ҳаракати рӯ ба боло вуҷуд дошта бошад, бориш аз абрҳои фишурдаи ғафси тӯда-тӯда метавонад биборад. Бориш бахши умдае аз чархаи обӣ ё гидрологӣ ба ҳисоб рафта, фароҳамкунандаи оби ширин дар Сайёраи замин аст. Системаҳои табақабандии иқлимӣ монанди Системаи табақабандии иқлимии Кёппена (яке аз системаҳои паҳншудаи таснифоти иқлим, ки аз ҷониби иқлимшиноси олмониву русӣ Владимир Петрович Кёппен (1846-1940) дар соли 1900 таҳияшуд ва худи ӯ онро ду маротиба дигар, дар соли 1918 ва соли 1936 тағйир дод) аз миёнгини борони солона барои тақсимбандии иқлимҳои мухталиф баҳра мебаранд, истифода мекунанд.
БАРФ, БАРФТӮДА
Барф чист?
Барф – резаи порчаҳои оби яхбаста, ки аз осмон меояд. Барфи андӯҳ –сафедии мӯй; барф бар сар-киноя аз сафедии мӯй.
Зи пирӣ бар сарат барфи шигарф аст, В-аз он ғам гиряи ту оби барф аст. Ҷомӣ.Бар пари зоғ боридани барф – киноя аз сафед шудани мӯи сиёҳ. Барфбоф – киноя аз касе, ки суханҳои бемаза, дилхунуккунанда мегӯяд. Барфоб–оби барф. Барфрез – барфрезанда, барфбор, резандаи барф, боронандаи барф. Барфреза – зарраи барф, донаҳои барф. (Фарҳанги забони тоҷикӣ, Москав, соли 1969).
Дар забони тоҷикӣ ибораҳои дигаре ҳам сохташуда аз вожаи барф дорем. Аз ҷумла, барфи лаклакӣ (барфе, ки порча-порча, паға-паға меборад), барфи тар (барфе, ки вақти боридан аз гармиву мулоимии дамои ҳаво об мешавад),барф барин сафед (сафеду зебо) ва ғайра.
Достони олмонии “Сафедбарфӣ ва даҳ кутоҳқад”.
Барф – яке аз резишҳои осмонӣ ва низ номи пӯшише аст, ки аз он бар замин ташкил мегардад. Дар адабиёт намунаҳои бисёре ба барф ишора шуда ва маъмулан ба маънои зулмат ва торикӣ ва ба маънои покӣ ва маъсумият истифода шудааст. Олмониҳо достоне доранд бо номи “Сафедбарфӣ ва ҳафт кутоҳқад”, ки дар он барф барои нишон додани сафедиву покӣ истифода шудааст. Дар адабиёти форсиву тоҷикӣ низ намунаҳои хеле зиёде дорем, ки шуаро аз вожаи барф ҳар гуна ва ба ҳар маъно истифода кардаанд. (Донишномаи озод).
Барф – қатраҳои мунҷамидшуда (яхбаста)-и сафед, булуришакл ва нарме, ки аз осмон фурӯ мерезад (Фарҳанги форсии Амид).
Барф чӣ гуна тавлид мешавад? Шарҳи энсиклопедӣ
Барф оби фусурдашуда, ки ба шакли булўрҳо (кристаллҳо)-и реза дар фасли сармо аз абрҳо ба рўйи Замин мерезад ва рангаш сафед аст. Барф дар абрҳо дар натиҷаи дар ҳарорати аз 00С паст ба зарраҳои чанг часпида, ях кардани қатраҳои об ба вуҷуд меояд.
Ба булўрҳои яхи дар аввал қутрашон то 0,1 мм дар вақти афтиш ба Замин дар натиҷаи конденсатсия нами ҳаво часпида, ҳаҷмашон бузург мешавад ва булўрҳои шаклашон шашқира ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи булўрбандии молекулаҳои об байни шуоъҳои булўр кунҷҳои 600 ва 1200 ҳосил мешаванд. Булўри асосии об дар ҳамворӣ шакли шашкунҷаи мунтазамро дорад. Ба қуллаҳои чунин шашкунҷа булўрҳои нав часпида, шаклҳои гуногуни ситорачаҳо-барфакҳо ба вуҷуд меоянд.
Ранги сафеди барфро ҳавои дар барфак мавҷуд ҳосил мекунад. Рўшноии басомадҳояшон гуногун дар сатҳҳои сарҳаддии байни булур ва ҳаво инъикосгардида, пароканда мешавад. Қисми зиёди таркиби барфакҳоро ҳаво ташкил медиҳад (95 %), ки зичии хурд ва суръати нисбатан пасти афтиши онҳо (0,9 км/соат)-ро таъмин мекунад.
Калонтарин барфак (соли 1887) дар ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки қутраш 38 см буд. Одатан қутри барфак 5 мм, вазнаш 0, 004 г мешавад (вазни барфи лаклакӣ то 0,5 г-ро ташкил дода метавонад.
Ахтаршиноси лаҳистонӣ И. Кеплер барфро дар асари худ «Дар бораи барфакҳои шашкунҷа» на чун ҳодисаи табиӣ, балки ҳамчун шакли ҳандасӣ баррасӣ намуд. Олими фаронсавӣ Р. Декарт дар асарҳои худ шакли барфакҳоро омўхтааст. У. Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард (1855). Ў дар давоми 46 сол зиёда аз 5000 акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омўзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон вуҷуд надорад.
Аз миқдори боридани боришот, бахусус барф намнокии сол муайян карда мешавад.
Аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. –
Душанбе, 2017. – Ҷ.2. – С. 389.