Илм ва фанноварӣ

ДАҲШАТ ДАР ЗЕРИ ОБ. МЕДУЗАҲО. Заҳри як намуди он метавонад 60 нафарро кушад

Медузаҳо (юнонии μέδουσα) дар забони илмии тоҷикӣ бо ҳамин ном ёд мешаванд, вале дар забон форсӣ онро “арӯси дарёӣ” тарҷума кардаанд. Аз ҷумлаи бемуҳраҳо буда, дар шохаи марҷониён табақабандӣ мешавад. Ин мавҷудот қодир аст дар баҳру уқёнусҳо шино кунад. Аз қадимитарин мавҷудоти обӣ аст, ки ба гуфтаи олимон аз 650 миллион сол пеш ба инҷониб вуҷуд доранд.

Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори шашум:Барқ

Барқ, озарахш, соиқа, аловак - таҳлияи электрики шароравии азим дар атмосфераи Замин. Барқ дар байни абрҳо ё дар байни абрҳову Замин, одатан дар шакли дурахши  шўлавари рўшноӣ зоҳир мегардад, ки онҳо гулдурроси раъд ҳамроҳӣ мекунад. Барқ инчунин дар Зўҳра, Муштарӣ, Сатурн ва Уран низ ба қайд гирифта шудааст. Табиати электрикӣ доштани барқро физики амрикоӣ Б. Франклин (1750-53) ошкор ва таҳқиқ кард.

Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори панҷум. Жола чист?

Жола – қатраҳои борон, ки аз асари сардии ҳаво ба яхча мубаддал мегардад; тагарг, тагарк, дӯл, сангак, ҷола.

Гуфтам: Ба даври лола кашам як пиёлае,

Бо рағми ман бирехт фалак санги жолароИбни Ямин.

Маҷозӣжолаи наргис – сиришк, ашк, оби чашм. Арақи рӯй.

Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори чорум: Борон

Борон – як падидаи атмосферӣ аст, ки аз абрҳо ба замин мерезад. Қатраҳои рези об, ки дар натиҷаи фишурдагии бухори оби мавҷуд дар атмосфераи Замин шакл мегирад. Борон - қатраҳои об, ки аз абр мерезад. Киноя аз фузунӣ, бисёрӣ ва фаровонӣ. (Фарҳанги забони тоҷикӣ).  Қатраҳои обе, ки ба сурати паёпай аз абр меборад. Маҷозан: резиши фаровон ва паёпайи чизе. (Фарҳанги Муъин).

Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори сеюм: Аз таърихи мошинҳои барфрӯб

Имрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.

Страницы