Борон – як падидаи атмосферӣ аст, ки аз абрҳо ба замин мерезад. Қатраҳои рези об, ки дар натиҷаи фишурдагии бухори оби мавҷуд дар атмосфераи Замин шакл мегирад. Борон - қатраҳои об, ки аз абр мерезад. Киноя аз фузунӣ, бисёрӣ ва фаровонӣ. (Фарҳанги забони тоҷикӣ). Қатраҳои обе, ки ба сурати паёпай аз абр меборад. Маҷозан: резиши фаровон ва паёпайи чизе. (Фарҳанги Муъин).
ШАРҲИ ЭНСИКЛОПЕДӢ
Борон бориши атмосферие, ки аз абрҳо ба намуди қатраҳои моъеи қутрашон аз 0,5 то 6-7 мм меафтанд. Қатраҳои қутрашон зиёда аз 6-7 мм ҳангоми ба Замин афтидан ба қатраҳои хурд тақсим мешаванд. Қатраҳои ҷудогонаи борон дар сатҳи моеъ ҳалқаҳоро ба вуҷуд оварда, дар сатҳи ҷисмҳои хушк пайи тар мемонанд. Шиддати борон аз 0,25 мм/соат (борони сим-сим) то 100 мм/соат (борони сел) шуда метавонад.
Борон аз абрҳои омехта (бештар аз абрҳои серқабати боронӣ ва серқабати баланд), ки дар ҳарорати пасттар аз 00С қатраҳои сардшуда ва зарраҳои ях доранд, мерезанд. Чандирияти сершавии бухори об дар қатраҳо нисбат ба зарраҳои ях (дар ҳарорати яксон) зиёд аст. Аз ин сабаб сершавии абр нисбат ба зарраҳо (кристаллҳо) афзуда, боиси афзоиши кристаллҳо ва бухори қатраҳо мегардад. Кристаллҳо калону вазнин шуда, аз абр меафтанд ва қатраҳои сардшуда ба онҳо мечаспанд. Онҳо дар қабатҳои поинӣ ва таҳи абр (ҳарорати 00С) об шуда, ба қатраҳои борон табдил меёбанд. Пас аз борон офтоб баромада, қатраҳои боронро мунаввар мекунад ва дар осмон тиру камон ба вуҷуд меояд. Намудҳои борон гуногунанд: борони сард, борони ях, борон бо барф, борони сим-сим, борони сим-сими сард, борони сел, борони сел бо барф ва ғайра.
Борони сард – бориши моеъ ба намуди қатраҳои қутрашон аз 0,5 то 5 мм, ки дар ҳарорати манфӣ (0-10, баъзан то 150С) ба ашё афтода, ях мебанданд ва дар натиҷа яхча ба вуҷуд меояд.
Борони ях – бориши сахт, ки дар ҳарорати манфӣ (0-10, баъзан то – 150С) ба намуди гулўлачаҳои сахти яхи қутрашон 1-3 мм меафтанд. Гулўлачаҳо ҳангоми ба ашё бархўрдан шикаста, оби дохилашон мерезад ва яхча пайдо мешавад.
Борон бо барф – борише, ки ба намуди омехтаи қатраҳо ва барфакҳо дар ҳарорати мусбат меафтанд. Агар чунин борон дар ҳарорати манфӣ ба амал ояд, онҳо ба ашё часпида ях мебанданд, ки боиси пайдоиши яхча мегарданд.
Борони сим-сим – бориши моеъ (дар ҳарорати мусбат) ба намуди қатраҳои ниҳоят хурд (қутрашон <0,5 мм) меборад. Он сатҳи хушки ҷисмҳоро баробар ва мунтазам тар намуда, дар сатҳи об ё моеъ ҳалқаҳоро ба вуҷуд намеоварад.
Борони сим-сими сард – бориши моеъ ба намуди қатраҳои ниҳоят хурди (қутрашон <0,5 мм) дар ҳаво муаллақ, ки дар ҳарорати манфии ҳаво (одатан, 0-100С, баъзан то - 150С) афтида, дар сатҳи ашё яхчаро ба вуҷуд меоранд.
Борони сел – бориши кўтоҳмуддат ба намуди борон (баъзан барфи тар), ки бо шиддати зиёдаш (то 100мм/соат) фарқ мекунад. Ин намуди борон дар массаҳои ноустувори ҳавои хунук ё дар натиҷаи аз ҷое ба ҷое кўчидани қисмҳои моддаи моеъ ё газ (конвексия) ба вуҷуд меояд.
Борони сел бо барф – бориши омехтаи дорои хусусияти сел, ки ба намуди омехтаи қатра ва барфакҳо (одатан, дар ҳарорати мусбат) меафтанд. Дар ҳарорати манфӣ боридани чунин борон боиси пайдоиши яхча мегардад.
Борони осмони беабр ва мавҷуд будани офтобро гургборон меноманд.
Барои пайдоиши борон шароити махсуси ҳароратӣ ва қабати атмосферӣ зарур аст. Масалан, сайёраҳои Замин ва Титан (радифи Зуҳал) чунин шароитро доранд. Дар қабатҳои поёнии атмосфераи ин сайёраҳо моддаҳо ду ё се ҳолати агрегатӣ доранд. Дар Замин об дар се ҳолати агрегатӣ: ях, об, буғ мешавад. Дар шароити Титан боронҳои метанӣ ба вуҷуд меоянд, чунки метан дар ҳолати ҳам моеъ ва ҳам буғ мавҷуд аст. Дар Миррих пештар боронҳои обӣ мебориданд. Дар Зуҳра боронҳои кислотавӣ меборанд, чунки абрҳои он асосан аз кислотаи сулфат иборатанд. Боридани боронҳои гуногун дар атмосфераи ҷирмҳои осмонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба Замин инчунин боронҳои кислотавӣ ва шиҳобӣ низ борида, баъзан боронҳои аҷоиб ба амал меоянд, ки дар вақти боридани онҳо аз осмон ҳар гуна ашё, ғалладона, меваву сабзавот, ҳашарот, моҳӣ ва хазандаҳо ва ғайра меафтанд.
Муддати тўлонӣ наборидани борон боиси хушксолӣ шуда, ба кишоварзӣ зарари калон мерасонад.
Адабиёти истифодашуда: Астапенко, П. Д. Вопросы о погоде. – Лондон, 1987; Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2014. – Ҷ.3. – С. 93-94.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА